Муборизаи дастаҷамъона алайҳи коруппсия

Тавре ки қонунгузории кишвар мафҳуми асосии коррупсияро шаҳр додааст, коррупсия-кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ.

Бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзи дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содирнамоии ин амал ҷиноят маҳсуб меёбад.

Ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия солҳои охир дар кишвар заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

Ҳоло ҳамаи мақомот ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва  бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.

 

 

Манучеҳр Юнусов, пристави судии

Суди ноҳияи Фирдавсӣ