Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис сараввал Раиси суд баромад карда, ҳамаро ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки имсол миллати соҳибфарҳангу сарбаланди тоҷик 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Барои миллати тоҷик истиқлолият ормони чанд насли он ҳисоб мешуд ва дар қарни XX давлати воҳид бо номи «Тоҷикистон» дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ арзи вуҷуд кард.
Тавре мусаллам аст 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расидан ба истиқлоли худ ба ҷаҳониён пайғом дод ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи муносибатҳои байналмиллалӣ гардид. Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлатӣ воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа муовини якуми раиси суд Мавлонзода А., судяҳо Неъматуллозода Г., Шамсуллозода А., кормандони дастгоҳ Ҷамахон Ҷ., Музафарзода Б., ва Бобозода Ҷ., бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ маърӯза карда, оиди дастовардҳои он дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву мадании давлату миллатамон андешарони намуда, ҳамаро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуданд.