Ҷаласаи кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Дар санаи 22-уюми ноябри соли 2023 дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи парчами давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд, муовини якуми раиси суд, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд, инчунин донишҷиёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки васояти ахбори омма баргузор гардид. Дар маҷлис сараввал Раиси суд баромад карда, ҳамаро ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки чанд сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо муқаррар шудааст, дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил мекунанд. Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.

Њамчунин судяҳо Сатторзода А.А., Шамсуллозода А.М. ва корманди дастгоҳ Тиллоев Ҳ.С. маърўза карда, оиди Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешарони намуда, њамаро бо Рӯзи парчами давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон дар пеш истода табрик намуданд.