2020 Сентябрь
Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодана умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад. Зиндагиро дар ҳар давлат бидуни Истиқлолият тасаввур кардан имконнопазир аст. Зиндагӣ ин худ озодии […]
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нӯҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.