Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷанш гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе санаи 25 январи соли 2025 дар майдони назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 ва №78 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар рӯзи шанбегӣ аз ҷониби кормандони суд зиёда аз 300 дарахти ҳамешасабзи Арча шинонида шуд.