Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастуру супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузории сокинон аз ҷумла, ҷавонон дар тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналу ҷуйборҳо, майдончаҳои варзишӣ, дохилу атрофи бинову иншоотҳо ва ташкилоту корхонаҳо мавриди иҷроиш қарор дод.
Ҷиҳати иҷрои супориши зикргардида аз тарафи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаҳои 11 ва 18 апрели соли 2026 дар назди майдончаи МТМУ №78 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида, дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд.
Инчунин бо мақсади тозагии ҳудуди бинои суд ва гирду атрофи он санањои 11 ва 18 апрели соли 2026 шанбегӣ гузаронида кормандони суди ноҳияи Фирдавсӣ дар он фаъолона иштирок намуданд.
Бо ҳамин мақсад, ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд супориш дода шудааст, ки дар корҳои ҷамъиятии ба тартиб даровардани хона, ҳавлӣ ва кӯчаву маҳалли зисти худ якҷо бо сокинони маҳалли зисташон чораҳои зарурӣ андешида, дар чорабиноҳои мазкур ташаббус нишон диҳанд.
Кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои супориши мазкур аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, тасмим гирифтаанд, ки барои иҷрои супориши мазкур тамоми шароиту имкониятҳои ҷой доштаро истифода намоянд.


Суди ноҳияи Фирдавсӣ 
