Имрӯз масъалаи об яке аз муҳимтарин мушкилоти глобалии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии оби тоза ва истифодаи ғайрисамараноки захираҳои обӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки барои ҳалли ин масъала чораҳои муштарак андешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об нақши муҳим дошта, пайваста ташаббусҳои байналмилалиро пешниҳод менамояд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Тоҷикистон чандин ташаббусҳои байналмилалиро дар Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз муҳимтарин иқдомҳои Тоҷикистон дар ин самт мебошад.
Дар ин замина, баргузор гардидани конфронсҳои сатҳи баланд оид ба об дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Ингуна ҳамоишҳо намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва олимонро ба ҳам оварда, барои баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба об ва иқлим замина фароҳам месозанд. Тоҷикистон ҳамчун мизбони чунин конфронсҳо мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар масъалаҳои об боз ҳам таҳким мебахшад.
Конфронсҳои сатҳи баланд имконият медиҳад, ки масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор гиранд. Ҳамчунин, ин чорабиниҳо барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи об мусоидат менамояд.
Имрӯз об на танҳо сарвати табиӣ, балки омили муҳими рушди устувор ва аҳамияти инсоният ба шумор меравад. Аз ҳамин лиҳоз, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти ҷаҳонӣ доранд ва барои ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ нақши Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим баланд арзёбӣ менамояд.
Аҳмадзода Ҷамшед,
раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ
Суди ноҳияи Фирдавсӣ 