Шанбегӣ бахшинда ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастуру супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузории сокинон аз ҷумла, ҷавонон дар тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналу ҷуйборҳо, майдончаҳои варзишӣ, дохилу атрофи бинову иншоотҳо ва ташкилоту корхонаҳо мавриди иҷроиш қарор дод.

Ҷиҳати иҷрои супориши зикргардида аз тарафи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 25 апрели соли 2026 шанбегӣ гузаронида кормандони суди ноҳияи Фирдавсӣ дар он фаъолона иштирок намуданд.

Бо ҳамин мақсад, ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд супориш дода шудааст, ки дар корҳои ҷамъиятии ба тартиб даровардани хона, ҳавлӣ ва кӯчаву маҳалли зисти худ якҷо бо сокинони маҳалли зисташон чораҳои зарурӣ андешида, дар чорабиноҳои мазкур ташаббус нишон диҳанд.