Арҷгузорӣ ба хотираи фарзандони фарзонаи миллат

Бо мақсади пос доштани хотираи неки шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллат, тарғиби арзишҳои ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи фарзандони сарсупурдаи Ватан,  кормандони Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз оромгоҳҳои Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва чеҳраи маъруфи миллат, фарзанди барӯманди тоҷик Нисор Муҳаммад боздид намуданд.

Зимни ин иқдоми маърифатӣ иштирокчиён бо эҳсоси баланди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба руҳи ин шахсиятҳои фарзона сари оромгоҳҳои онҳо ҳозир шуда, аз корномаи пуршараф, хизматҳои арзишманд ва нақши мондагори онҳо дар таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон ёдовар гардиданд. Таъкид карда шуд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум аз ҷумлаи он фарзандони ҷоннисори миллат мебошанд, ки бо фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии худ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои мардум, ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.

Номи онҳо ҳамчун рамзи садоқат ба миллат, ҷасорат ва хизмати беғаразона ба Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ҳамзамон, аз зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари Нисор Муҳаммад низ ёдоварӣ карда шуд.

Боздид аз оромгоҳҳои ин шахсиятҳои маъруф барои иштирокчиён на танҳо як амали эҳтиром ба гузашта, балки дарси ибрат аз роҳи пуршарафи зиндагии шахсоне буд, ки сарнавишти худро бо сарнавишти миллат пайванд намудаанд. Корнома ва зиндагии онҳо имрӯз низ барои наслҳои ҷавон ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва хизмати софдилона ба ҷомеа хизмат мекунад. Дар анҷоми боздид ба хотири гиромидошти руҳи ин шахсиятҳои арҷманд гулҳо гузошта шуда, иштирокчиён бо эҳтироми хоса хотираи онҳоро пос доштанд.