Имрӯз дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси суди ноҳия муҳтарам Аҳмадзода Ҷ.А., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Ҷ.Қ., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлис бо мақсади шарҳу тавзеҳоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.
Сарравал раиси суд маҷлисро кушода суханро ба Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Ҷ.Қ., дод.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Ҷ.Қ., баромад намуд.
Пасон раиси суд Аҳмадзода Ҷ.А., баромад намуданд, ки 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври муфассал ва ҳамаҷониба ироа гардид.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо санади сиёсӣ, балки барномаи мукаммали амал барои тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Он самтҳои стратегии рушди мамлакатро муайян намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи устувор фароҳам меорад.
Ҳамзамон судяи суди ноҳия Шарифзода О.М. оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маъруза намуд.

Суди ноҳияи Фирдавсӣ 
