Имрӯз, 19 октябри соли 2019 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарият, судяҳо, кормандони масъули дастгоҳи Суди Олӣ, раисони судҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Чӣ тавре маълум аст, 16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Дар маҷлиси корӣ ҳамчунин вобаста ба ин масъала ба судяҳои судҳои ҷумҳурӣ маълумот дода шуда, қайд гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.
Аз рӯи маълумоти пешакӣ Қонуни мазкур баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан нисбати зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.
Аз ин лиҳоз ба раисони судҳо супориш дода шуд, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, риояи ҳатмии талаботи Қонуни мазкур ба роҳ монда шавад.
Дар давраи нуҳ моҳи соли 2019 ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120090 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 633 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора судҳо 106695 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд, ки назар ба нимсолаи якуми соли гузашта 500 адад кам шудааст.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 10130 ададро парвандаҳои гражданӣ, 29324 ададро парвандаҳои оилавӣ, 8149 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 39106 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 13382 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомотҳо ташкил медиҳанд.
Аз ин шумора 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудааст.
Аз ҷониби судҳо вобаста ба вайрон кардани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 527 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 527 шахс баррасӣ шуда, ба 519 шахс ба маблағи умумии 2490565 сомонӣ ҷарима татбиқ шудаст.
Шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад ба 12690 адад расида, бо 11453 парванда нисбати 11535 нафар қарор қабул карда шудаст. Дар маҷмӯъ нисбати 4421 нафар огоҳӣ ва нисбати 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъин гардидааст.
Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо тариқи телевизион ва радио 1783 маротиба дар мавзӯҳои ҳуқуқӣ баромад карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 773 хабару мақолаҳо ба нашр расонида ва дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 6671 вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 12966 таъинотҳои хусусӣ бароварда, 471 ҷамъбастиҳои амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 567 адад пешниҳодҳо ирсол намуданд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат оиди ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, дар нимсолаи якуми соли равон бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ 1279 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2018 ин шумора 148 адад зиёд мебошад.
Дар рӯзҳои корӣ бошад, аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои судӣ 64 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.
Дар интиҳои маҷлис Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён баромад намуда, фаъолияти мақомоти судиро дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 мавриди ҷамъбаст қарор дода, ба судяҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаҳои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба кори маҷлис хотима бахшиданд.
Хабар аз сомонаи расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
КАРИМОВ РУСТАМ МУЗАФАРОВИЧ
Корманди дастгоҳи суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе