Санаи 07.03.2025 сол дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи–Модар бо иштироки Раиси суд, муовин, судяҳо ва кормандони дастгохи суд, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис сараввал Раиси суд баромад карда, хамаи бонувони судро табрик намуда, қайд карданд, ки Рӯзи модар ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукуҳу шаҳомати хоса ва арҷгузории беандоза нисбат ба зан – Модар ҷашн гирифта мешавад. Воқеъан, Зан — Модар чун баҳори оламафрӯз бо нуру тароват ва муҳаббати самимӣ ба рӯзгори ҳар хонадон фурӯғу сафо мебахшад.
Ҳамзамон аз ҷониби Раиси суд бахшида ба Рӯзи модар бонувони суд бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.