Имрӯз 24.06.2023 сол дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон бо иштироки Раиси суд, муовин, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд, инчунин таҷрибаомӯзони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис сараввал Раиси суд баромад карда, ҳамаро ба ҷашни 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон табрик намуда, қайд карданд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд, ки Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддасанд. Воқеъан ҳам, ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Ҳар як фарзанди бонангу номус ва барои миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азиз мефахрад, зеро пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба таври зарурӣ мукаммал гашта, онро фарзандони ин сарзамин устувор бахшида, такягоҳ мебошанд.
Ҳамчунин муовини раиси суд Асламзода Г., судяҳо Тиллозод М., Баҳридинзода Д. кормандони дастгоҳ Шукурзода Ҳ., Саидмуродов Н., Толибзода С. Абдуллоева Ф. ва донишҷӯ — таҷрибаомӯз Убайдов Шоҳин Музафарович маърӯза карда, оиди Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои он дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву мадании давлату миллатамон андешарони намуда, ҳамаро бо идҳои дар пеш истода табрик намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Раиси суд бахшида ба идҳои номбурда кормандони суд бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда шуданд.