Ҷаласаи кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд, муовини якуми Раис, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва намояндаҳои васоити ахбори омма маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис сараввал Раиси суд баромад карда, ҳамаро ба ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки си сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.

Пеш аз ҳама аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ аз он иборат аст, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул шудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа Раиси суд Аҳмадзода Ҷ.А., судя Қосимзода М., корманди дастгоҳи суд Ҷамахон Ҷ. бахшида ба ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карда, оиди дастовардҳои он дар ҳама ҷабњаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву мадании давлату миллатамон андешаронӣ намуда, ҳамаро бо ин ҷашни бузург табрик намуданд.