Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд, муовин, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва васоити ахбори омма маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис сараввал Раиси суд баромад карда, ҳамаро ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки имсол миллати соҳибфарҳангу сарбаланди тоҷик 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Тавре мусаллам аст 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу ҳуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расидан ба истиқлоли худ ба ҷаҳониён пайғом дод ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи муносибатҳои байналмиллалӣ гардид. Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлатӣ воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати доҳиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа Раиси суд Аҳмадзода Ҷ.А., судя Сатторзода А.А., кормандони дастгоҳ Музафарзода Б.М., Ҷамахон Ҷ. ва Бобозода Ҷ., бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ маърӯза карда, оиди дастовардҳои он дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву мадании давлату миллатамон андешаронӣ намуда, ҳамаро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуданд.