Ҷамъбасти фаъолияти суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2024 бо иштироки васоити ахбори омма МД «Ҷаҳоннамо»

Дар санаи 26-уми сентябри соли 2024 ҷаласа доир ба нақшаи таҳияи барномаи иттилооти — таҳлили “Додгоҳ” дар соли 2024 бо иштироки васоити ахбори омма МД «Ҷаҳоннамо» баргузор гардид. Сараввал раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Аҳмадзода Ҷ.А., баромад карда қайд карданд, ки таҳлилҳо нишон доданд, ки аз оғози сол то ин давра ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 1934 муроҷиатҳо аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардидааст, ки ҳамаи муроҷиатҳо дар муҳлатҳои қонун пешбинӣ гаридида баррасӣ мешаванд.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар нуҳ моҳи соли 2023 бошад муроҷиатҳои шаҳрвандон 1775 ададро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нуҳ моҳи соли 2024, 159 адад муроҷиат зиёд мебошад.

Омӯзиши муроҷиатҳо собит сохт, ки аксар муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба бекор кардани аќди никоҳ, руёнидани алимент, аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ, талаб кардани молу мулк ва дигар баҳсҳои оилавӣ мебошанд.

Вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон қайд кардан ба маврид аст, ки дар Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарият рӯзҳои шанбе қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.

Новобаста аз он ки ќабули шаҳрвандон рӯзи шанбе ба роҳ монда шуда бошад, ҳам аз ҷониби Раиси суд ҳамарӯза шаҳрвандон қабул карда шуда, муроҷиатҳои онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» ҳал карда мешавад.

Сипас судяи суди ноҳия Сулаймонзода Ф.А., дар мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбият кӯдак” дар тањрир нав баромад кард.

Баъдан  судяҳои суди ноҳия Қосимзода М. ва Неъматуллозода Г.Н., оид ба мавзуҳои асосии баҳсҳо дар суд чї ҳаст-мушахас таҳлили суд ва истифодаи суд аз техналогияҳои нави иттилооти (сомона ва дигар усулҳо вобаста ба иттилорасони барои мардум) баромад карданд.