Дар ҳамбастагӣ мебояд амал кард!

 

Расидан ба Истиқлолияти воқеӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир миёни дигар кишварҳои мутамаддин мақому мартабаи арзандаро ишғол намуда, баҳри ноил гаштан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, худшиносии миллӣ, ҳалли масъалаҳои глобалӣ, иқдому ташаббусҳои манфиатбахш бобати рушду инкишофи ҷомеа то ҷое мавқеи устувор ва муайянеро соҳиб гардидааст. Маҳз бо талошу заҳматҳои Роҳбари давлат, сарфармондеҳи Олии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ҳукмфармо буда, марҳила ба марҳила ба пешравию дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодаем. Ҳифзи ҳамаи дастовардҳо ва пойдор нигоҳ доштани ин оромиву осоиштагӣ вазифаи муқаддаси мо сокинони кишвар мебошад.

Боиси нигарони аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили вусъат ёфтани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши силоҳу аслиҳа сахт нигарон кардааст. Агар ба ибораи дигар гӯем, ҷаҳони муосир дар марҳилаи бархурди тамаддунҳо қарор дошта ва ин раванди харектери ҷаҳони гирифтаи амалҳои террористӣ натанҳо ба амнияти як минтақа, балки ба кишварҳои тамоми курраи замин таҳдид менамояд.

Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшатафканӣ, бо ҳар роҳу васила тарсонидану фуру нишондани душман, ҳатто бо роҳи зӯриву ҷазоҳои ҷисмонӣ содир намудани қатлу куштор ва ғайра мебошад.

Агар ба таърихи пайдоиши ин зуҳуроти манфур назар афканем дармеёбем, ки терроризм ва ифротгароӣ барои ҷомеаи инсонӣ зуҳуроти чандон нав набуда, ҳадаф, мазмун ва моҳияти он дар ҳама давру замон тақрибан яксон мебошад. Зеро ин раванд марҳила ба марҳила бо рушду тарақиёти техникаву технология, ки он ҳам бошад маҳсули ақлу заковати худи инсон аст, содиршавии амалҳои террористи шакл, усул, восита ва тарзҳои зоҳиршавии гуногунро касб намудааст.

Пешвои миллат зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли равон баргузор гардид, вобаста ба пешгирии шомилшавии шањрвандон ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ ва хатари он ба ҷомеа чунин иброз намуда буданд: “Омӯзиш  ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт”.

Бояд гуфт, имрӯз пайи содиршавии амалҳои террористӣ, ҳазорон нафар мардумони бегуноҳ аз он ҷумла, занону кӯдакон ҷони худро аз даст медиҳанду ва ҳазорони дигар маҷруҳу маъюб гардида, бехонаву дар мешаванд.

Дар баробари ин он ташкилоту созмонҳои террористие, ки арзи ҳастӣ  доранд, бо истифода аз шароити баамаломада дар ин давлатҳои зарардида барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғайриинсониву нопоки худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд ҷавонону наврасон ва он афроди бесаводу гумроҳро, ки аз таҳсилу тадрис дур мондаанд ба дом кашанд ва пайравони худ созанд.

Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки таҳиягарони чунин гуруҳҳои ифротӣ ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонад.

Дар мубориза бар зиди терроризм ва муайян намудани шаклҳои зуҳур, қисмҳои таркибӣ ва омилҳои тавлидшавии ин вабои аср аз тамоми субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ҳамоҳангии қавиро тақозо менамояд.

Тавре Сарвари давлат зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар қайд кардаанд: “Сохтору мақомоти дахлдори кишвар дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои зикргардида муборизаи муташаккилонаро ба роҳ мондаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад ”.

Бинобар ин дар чунин вазъият мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми сохторҳои ҳарбиву низомиро зарураст, ки ҳамеша ҳушёру зирак чусту чолок бошем ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзу пойдор нигоҳ доштани орому осудагии давлату миллат ва зиндагии мардуми кишварро таъмин намоем.

 

Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон,

раиси Суди ноҳияи Фирдавсӣ