Имрӯз 18 майи соли 2025 кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар чорабини ҷумҳуриявии дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Ин чорабинии варзишӣ, ки ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад, бо ҳадафи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ миёни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, доир мегардад.
Дар ин рӯз кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, зери шиори “Ҷавонӣ-пайвандгари наслҳо ва ояндаи дурахшони миллат”, паёми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро паҳн намуда, намунаи ибрат барои дигар шаҳрвандон гарданд.