Бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди шаҳри Душанбе санаи 31 августи соли 2024 дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар рӯзи шанбегӣ раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи бинои судро тоза намуда, заминҳои назди бинои суд гулҳои ороишї шинонида шуд.
Ҳамчунин кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тасмин гирифтаанд, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбе, шанбегӣ гузаронида, корҳои ободониро ба роҳ монанд.