Тавре ки қонунгузории кишвар мафҳуми асосии коррупсияро шаҳр додааст, коррупсия-кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ даст мезананд.
Бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзи дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содирнамоии ин амал ҷиноят маҳсуб меёбад.
Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳони иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.
Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
Ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия солҳои охир дар кишвар заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шуд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеъан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад.
Нурализода Фирӯз, котиби маҷлиси
судии Суди ноҳияи Фирдавсӣ