Чорабинии оммавӣ-варзишӣ оид ба гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ!

Кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2023 сол №6/1-117 оид ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони “ Миллати ҷисман солим-руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” санаи 05 июли соли 2025 субҳи барвақт дар Боғи Абулқосим Фирдавсӣ дар машқҳои пагоҳирӯзӣ якҷоя бо дигар кормандони мақомотҳои давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок варзиданд.