16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ «Қонун дар бораи авф» ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад. Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз ҷазои ба озодӣ алоқаманднабуда озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 1 лоиҳаи Қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:
– занон;
– ноболиғон;
– мардони аз синни 55 боло;
– маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, ба омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
– иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
– шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ.
Дар баробари ин мувофиқи талаботи моддаи 2-и лоиҳа, шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.
Яке аз фарқиятҳои лоиҳаи пешниҳодшуда аз қонунҳои авфи пеш қабулгардида аз он иборат аст, ки шумораи шахсоне, ки тибқи он аз адои ҷазо озод карда мешаванд, зиёд мебошад. Аз ҷумла, занҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардида, амалан зиёда аз дувоздаҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд, мардони синнашон аз ҳафтод боло (ба истиснои онҳое, ки баъзе ҷиноятҳои махсусан вазнин содир намудааанд), шахсоне, ки барои гирифтан ё додани пора ба маблағи то даҳ ҳазор сомонӣ маҳкум шудаанд, шаҳрвандони хориҷие, ки ҷиноятҳои дар сархати даҳуми моддаи 3 пешбинигардидаро содир намудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар дигар моддаҳои ҳамин Қонун пешбинигардида, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.
Инчунин, аз ҷазо ё адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбат ба онҳо мавқуф гузошта шудааст, ё ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, ё аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат озод шудаанд, ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истодаанд, ё ба дигар ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд низ пешбинӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки амали Қонуни мазкур пеш аз ҳама, нисбат ба онҳое татбиқ карда мешавад, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва ҷиноятҳои дараҷаи миёна содир кардаанд, ё аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд. Аз ҷумла, мувофиқи талаботи моддаи 4-и лоиҳа шахсоне, ки бори аввал барои содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Ҳамзамон, бо ин шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд, ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд.
Мутобиқи талаботи моддаи 5 маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба муҳлати зиёда аз понздаҳ сол маҳкум шуда, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур воқеан понздаҳ соли ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудаанд ва муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳруми аз озодӣ нисбаташон то се сол мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардида аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон амали Қонуни мазкур нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаҳои 245, 246, 247 ва моддаҳои 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир кардаанд, ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии ба ҷабрдидагон расонидаашонро пурра барқарор карда бошанд.
Мутобиқи моддаи 6 шахсони дар моддаи 1 лоиҳа зикргардида, инчунин, шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содиркарда ва шахсони бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содирнамуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Дар моддаи 7 кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии шахсоне, ки амали моддаҳои 1, 2, бандҳои 6, 7 ва 10 моддаи 3, моддаҳои 4 ва 5 нисбати онҳо татбиқ намегарданд, ба таври зерин пешбинӣ шудааст:
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноят аз беэҳтиётӣ нисбат ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, ё барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум гардидаанд – аз ду як ҳисса;
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум гардидаанд – аз се як ҳисса;
– ҷазои маҳкумшудагони барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум карда шудаанд – ҷаз чор як ҳисса.
Дар лоиҳа як қатор ҳолатҳое низ нишон дода шудаанд, ки татбиқи қонунро нисбат ба баъзе шахсон маҳдуд мегардонанд.
Аз ҷумла, дар моддаи 8 доираи шахсоне, ки Қонун “Дар бораи авф” нисбат ба онҳо татбиқ намегардад, нишон дода шудааст. Ба ин гурӯҳ (ба истиснои занон ва ноболиғон) шахсоне дохил мешаванд, ки ҷиноятҳои хавфнокиашон зиёдро содир намуда, бо моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 130 1 , 138, 139, 143 1, 179, 179 1, 179 2, 179 3, 185, 186, 187, 188, 189, қисми 4 моддаи 200, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 328, 331, 332, моддаҳои 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидаанд.
Ҳамзамон нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст ва шахсоне, ки дар маҳалли адои ҷазо ҷиноят содир кардаанд, амали ин Қонун татбиқ карда намешавад.
Мувофиқи талаботи моддаи 9 нисбат ба шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 110, моддаи 122, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 130, 130 1, қисми 3 моддаи 131, моддаҳои 137, 138, 139, қисми 2 моддаи 141, қисми 2 моддаи 142, қисми 2 моддаи 142 1, моддаи 1431, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 179 1, 179 2, 179 3, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184 2, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184 3, моддаҳои 184 4, 185-189, 193, 195, 196, 199, қисми 4 моддаи 200, қисми 4 моддаи 201, қисми 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 202 1, қисми 3 моддаи 202 2, қисми 3 моддаи 203, қисми 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисми 3 моддаи 252, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 289, моддаҳои 307, 307 1, 307 2, қисми 1 моддаи 307 3, моддаҳои 307 4, 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора аз даҳ ҳазор сомонӣ зиёд бошад), қисми 2 моддаи 320 (агар маблағи пора аз даҳ ҳазор сомонӣ зиёд бошад), моддаҳои 328, 329, 330, 331, 332, қисми 3 моддаи 335, қисми 2 моддаи 335 1, қисми 2 моддаи 338 1, моддаи 340, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он бо ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 374, 375, моддаҳои 382-385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардидаанд, амали моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун татбиқ намешаванд. Нисбат ба ин шахсон моддаи 7 татбиқ мегардад ва муҳлати адои ҷазои онҳо кам карда мешавад.
Дар Қонуни зикргардида ба масъалаи занон ва ноболиғон диққати махсус дода шудааст. Танҳо нисбат ба он занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, моддаҳои 179, 179 1, 179 2, 179 3, 307, 307 1, 307 2, қисми 1 моддаи 307 3, моддаҳои 307 4, 308, 309, 310, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намудаанд, ё онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 4 моддаи 245, қисми 4 моддаи 246 ва қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накардаанд, агар андозаи зарари талофи нагардида зиёда аз сад ҳазор сомонӣ бошад, моддаҳои 1 ва 6 Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад.
Қонуни мазкур нисбат ба шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар судҳо мавриди баррасӣ қарор доранд, ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбат ба шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, татбиқ мегардад.
Дар моддаи 12 номгуи мақомот ва муассисаҳое, ки иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи онҳо гузошта шудааст ва тартиби татбиқи он ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Қонуни мазкур аз тарафи мақомот ё муассисаҳое татбиқ карда мешавад, ки парванда ё мавод дар баррасии онҳо қарор дорад ё маҳкумшуда дар ин муассисаҳо адои ҷазо менамояд. Дар вақти баррасии мавод ё парванда оид ба татбиқи авф дар судҳо иштироки прокурор ҳатмист. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо ризоияти прокурор татбиқ мекунанд.
Қарор дар бораи татбиқи авф нисбат ба шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, бе даъват ва гирифтани ризоияти онҳо қабул карда мешавад. Ин ҳолат чунин шахсонро аз ҳуқуқи дар оянда шикоят намудан аз болои қарор ё таъинот маҳрум намесозад.
Ҳамзамон бо ин, зикр кардан зарур аст, ки татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад ва шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддие, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонидаанд, озод карда намешаванд.
Мутобиқи моддаи 20-и лоиҳа мақомоти дахлдор вазифадоранд иҷрои Қонуни мазкурро дар давоми ду моҳ таъмин намуда, баъдан дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
Хабар аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
КАРИМОВ РУСТАМ МУЗАФАРОВИЧ
Корманди дастгоҳи суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе