Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз!

Миллати тамадунофару сулҳҷӯи тоҷик 23-юмин солҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботу ҳусни тафоҳум ба таври мутантан таҷлил мекунанд. Чаро, ки маҳз дар ин рӯзи фархундаву муборак, ки ба 27-уми июни соли 1997 рост меояд, бо кӯшишу талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги хонумонсӯзи ҳамватанӣ хотима ёфт. Ғояи Ваҳдати миллӣ тадриҷан тамоми нуқтаҳои маъмурию ҷуғрофии Тоҷикистонро фаро гирифта, рушди бесобиқаи тамоми риштаҳои иқтисодию иҷтимоиро таъмин сохт. Қадру манзалат ва мартабаи ғояи Ваҳдати миллӣ чун бузургтарин дастоварди маънавии миллату меҳан дар тазкираҳои таърихӣ ва зеҳну ёдҳои шукргузори мардуми тоҷик мондагор хоҳад буд.

Рӯзи Ваҳдати миллиро барои шумо, ҳамватанони гиромӣ ва ҳамкасбони азиз муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳат, саодати рӯзгор ва кушоиши кор ва осмони софу хоҳонембеғуборро хоҳонем.

Суди ноҳияи Фирдавсии
шаҳрДушанбе