Дар санаи 28-уми декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи оинаи нилгун (телевизион) бо иштироки Раис, муовини якум, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, тамошо намуданд.
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро фаро мегирад, дар дилу зеҳни ҳар як шунаванда таассуроти амиқ гузошт.
Судяҳо ва кормандони дасгохи суд аз Паём рӯҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани дастур, супориш ва вазифаҳои аз паём бармеомада, баҳри амали намудани онҳо барои соли оянда саъю кӯшиш менамоянд.