Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ватандӯстӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин масъаларо гаштаву баргашта, Роҳбари давлати тоҷикон. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамояд. Пешвои миллат барои инкишофу таҳкими бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонон иқдомҳои наҷибу мушаххас намуда, ба воситаи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳоро дар амал пиёда месозанд. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон маҳз бо ибтикори Сарвари давлат таҳия ва қабул гардид ва дар тамоми самтҳои асосии тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавононро фаро гирифтааст. Ташаббуси Сарвари давлат дар хусуси ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ҷудо намудани лоиҳаҳои махсуси грантӣ дар бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонон боз як иқдоми неке гардид, ки ин масъаларо ба сатҳи хеле баланд бардошт.
Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳар як мамлакати ҷаҳон ватандӯстон одамоне ҳастанд, ки тайёранд барои мамлакати худ коре кунанд. Дар гузашта бисёриҳо тарафдори бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҳамватанон буданд. Ватандӯстон ҷамъомадҳо гузаронда, лексияҳо мехонданд ва дигар воситаҳоро ба кор бурда, атрофиёнро руҳбаланд менамуданд. Ба ҳамин тартиб, имрӯз бояд дар насли наврас ҳисси ватандӯстиро талқин кард. Ин бояд дар ҳоле анҷом дода шавад, ки онҳо ҳанӯз ҷавонанд. Мактабҳо ва коллеҷҳо, донишгоҳҳову донишкадаҳо бояд ташаббус нишон диҳанд, ки кӯдакон, наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи муҳаббат ва эҳтиром ба ватани худ тарбия кунанд.
Дилноза Баҳриддинзода,
судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ