Терроризм – даҳшатафкандарин зуҳуроти номатлуби аср

“Терроризм ва экстремизм аз як ҷиҳат чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳаст, ки террорист Ватан, миллат дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”

Эмомалӣ Раҳмон

Вақтҳои охир мо ба тариқи васоити ахбори омма бо вожаҳои терроризм ва экстремизм бештар вомехӯрем, аниқтараш амалҳоеро мебинем, ки дар кишварҳои ҷудогона ба вуқӯъ мепайвандад. Зеро ин вожаҳо ва амалкардаҳо зуҳуроти номатлуби ҷомеаи башариеанд, ки ба нобудиву нестӣ бурдани ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳангу тамаддунҳо, миллату давлатҳо, махсусан давлатҳои миллӣ ва зери шиканҷаву зулмот бурдани ҳаёти рангини инсоният аст.

Хотирнишон бояд кард, ки экстремизм ва терроризм яке аз омилҳои даҳшатафкан ва хатарафзо дар ҷомеа буда, имрӯзҳо мардумон ва давлатҳои сайёраро ба таҳалука андохтааст. Ин амалҳои номатлуб ва мудҳиш ҷони ҳазорон ҷавонро аз миён бурда, таъсири манфии беандоза ба ояндаи давлату миллат ва тақдири насли оянда гузошта истодааст.

Терроризм дар таърихи чандинҳазорсолаи худ марҳила ба марҳила ташакулл ёфта, дар замони муосир хусусияти байналмиллалиро пайдо намудааст. Дар замони муосир терроризм бештар характери сиёсӣ, миллӣ ва динӣ дошта ҳар кадоми он усул, восита, манбаъ, идеология ва дастгоҳи махсуси худро доро мебошад. Субъекти асосии терроризм ин шахсиятҳои алоҳида ва ташкилотҳое ба шумор меравад, ки гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиро бо яроқу аслиҳа, маблағ ва техникаву технология таъмин намуда, дар минтақаҳои гуногуни олам ба воситаи зурӣ, тарсу ҳарос ва қатлу куштор манфиатҳои худ ва хоҷагони худро ҳифз менамоянд. Амалҳои террористӣ дар ҷомеа нооромиро ба бор оварда, иродаи одамонро заиф, дар зеҳни онҳо тарсро ҷо намуда, монеаи пешравӣ, рушди зеҳниву эҷодкории инсон мегардад.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравиву тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш ба миён ояд. Террорист  шахсест, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.

 

Бобозода Ҷурахон, котиби маҷлиси

судии Суди ноҳияи Фирдавсӣ