ҲУКМИ СУДӢ БАРОИ ТАКРОРАН СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТ БАРОМАД!

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Пиров Ҷумъахон Бегмуродович, 18.06.1999 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муҷаррад, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 02.04.2018 сол бо моддаи 237 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба муҳлати 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуда дар асоси моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў ду сол муҳлати санҷишӣ муқарар карда шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо моддаҳои 237 қисми 2 банди “б” ва 248 қисми 3  банди «г»-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, айбдор донисташударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки —

Пиров Ҷумъахон Бегмуродович, қаблан барои ҷинояти вазнин бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 02.04.2018 сол бо моддаи 237 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба муҳлати 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуда дар асоси моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў ду сол муҳлати санҷишӣ муқарар карда шудааст ва бо дастрасии қисми 4 моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷкистон ҷазои иловагӣ ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5000 сомонӣ таъин карда шудааст боз дар ҳолати ретседиви хафнок қарор дошта, даст ба содир намудани ҷинояти қасдона дар чунин ҳолат задааст.

Чунончӣ: ў дар таърихи 23 декабри соли 2018 тахминан соати 03:40 дақиқа бо ҳамроҳии рафиқонаш Ҳакимов ДиловарҲафизович, Дилшод ном шахсони шахсияти пуррааш ба мақомоти тафиши пешакӣ номаълум ва дигарон, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади авбошӣ аз Шарифхони Шамсудин, рафиқони ў Назаров Иброҳим Музафаррович ва дигарон интиқом гирифтан, аз руи нақшаи пешакии таҳрезӣ намудаашон амал намуда ба назди нуқтаи фуруши сузишвории бо номи “Восток”, ки воқеъ дар кучаи Борбад №142 ҷойгир аст ҳозир мешаванд ва Шарифхони Ш-ро дар онҷо дида ба номбурда дарафтода нисбаташ дашномҳои қабеҳи ғайриинсонӣ намуда, мавриди лату куб қарор дода тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа дағалона вайрон намудаанд. Мувофиқи хулосаи эксперти тибби-судӣ аз 08.02.2019 сол таҳти №787 ҷароҳати ҷисмонии дар бадани шаҳрванд Шарифхони Шамсудин дидашаванда дар намуди: осеби пушидаи косахона ва мағзи сар, ларзиши мағзи сар, латхурии бофтаҳои мулоим ва ноҳияи пешона аз рост фарқ аз рост ва пушидаи сар аз рост, захми латхурдаи сар аз рост, харошаҳо, варамиҳо ва хуномосҳои руи бадан ва гардан мансуб ба зарари сабуки саломатӣ мебошанд, бардоштааст.

Ў боз таърихи 23 декабри соли 2018 тахминан соати 03-40 дақиқа ҳамроҳи рафиқонаш Диловар, Дилшод ном шахсони шахсияти пурраашон ба мақомоти тафтишоти пешакӣ номаълум ва дигарон, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади авбошӣ аз Шарифхони Шамсудин, рафиқони ў Назаров Иброҳим Музаффарович ва дигарон интиқом гирифтан, аз руйи нақшаи пешакии таҳрези намудаашон амал намуда ба назди нуқтаи фуруши сузишвории бо номи “Восток”, ки воқеъ дар кучаи Борбад №142 ҷойгир аст ҳозир мешаванд ва Шарифхони Ш.,-ро дар онҷо дида ба номбурда дарафтода нисбати охирон дашномҳои қабеҳи ғайриинсони намуда мавриди лату куб қарор дода тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа вайрон намудаанд. Дар муддати ҷангу ҷанҷол, ҳангоми аз пой афтидани Шарифхони Ш., Пиров Ҷ.Б., дида бе огоҳии дигар рафиқонаш бо мақсади ғаратгари, бо тариқи ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр, аз фурсати муносиб истифода намуда бо тариқи ошкоро аз ҷайби шими Шарифхони Ш., 3300-(се ҳазору сесад) сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки бо ин амалаш ба Шарифхони Ш., зарари ҷиддӣ моддӣ расонидааст.

Дар асоси ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Пиров Ҷумъахон Бегмуродович, бо моддаҳои 237 қисми 2 банди “б” ва  248 қисми 3 банди «г»-и КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба ў бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол ва бо моддаи 248 қисми 3 банди «г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол, ҷазо дода шуд.

Дар асоси моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи маҷмуи ҷиноятҳо ба Пиров Ҷумъахон Бегмуродович, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда, ба муҳлати 10(даҳ) солу 6 (шаш) моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар Колонияҳои ислоҳии низомаш сахт, таъин карда шуд.

Мутобиқи талаботи моддаи 71 қисми 8 КҶ Ҷумҳурии Тоҷқистон муҳлати санҷишии бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 02.04.2018 сол бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати панҷ сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шуда дар асоси моддаи 71 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷиқистон, ба ў ду сол муҳлати санҷишӣ таъин карда шудааст, бекор карда шуд.

Дар асоси моддаи 68 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўйи маҷмўи ҳукмҳо бо роҳи ба ҷазои нав таъиншуда қисман зам кардани ҷазои бо Ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 02.04.2018 сол бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудааст, ба маҳкумшуда Пиров Ҷумъахон Бегмуродович, ҷазои ниҳоӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 (ёздаҳ) сол,  бо адо намудани ҷазо дар Колонияҳои ислоҳии низомаш сахт, таъин карда шуд.

КАРИМОВ РУСТАМ МУЗАФАРОВИЧ
Корманди дастгоҳи суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе