Ваҳдати миллат бақои миллат аст

Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва осоиши Ватан бешубҳа бузургтарин дастоварди мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки онро ҳамчун гавҳараки чашм бояд ҳифз намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохили ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягон омиле, ки ба хотимаёби ҷангҳо асос шуда, исонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвангари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.

27-уми июни соли 1997, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ сабт шудааст, на танҳо санаи анҷоми ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ, балки нуқтаи гардиши сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати мустақилу соҳибистиқлол ва таъмини якпорчагии Ватани азизамон – Тоҷикистон буд. Ин рӯз рамзи пирӯзии хиради миллӣ бар хушунат, ҳамдигарфаҳмӣ бар низоъ ва созандагӣ бар харобкорӣ мебошад. Роҳи Тоҷикистон аз буҳрон то сулҳ пурпечутоб ва сангин буд, аммо иродаи қавии мардум ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имкон дод, ки мардуми шарафи тоҷик ин марҳилаи душвори таърихиро бошарафона паси сар намояд.

Бояд гуфт, ки ғояи ваҳдати миллиро бо мазмуну муҳтавои давлатию ҷамъиятӣ комил гардонидаанд. Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баландба даст меояд. Бо таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон –“То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи мақаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.

 

Ҷамшед Аҳмадзода,

Раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ