Вохӯрии судяҳои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо омӯзгорони МТМУ №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои супориш ва вазифаҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 сол бармеомада ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ

Санаи 24-уми апрели соли 2024 дар МТМУ №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои супориш ва вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумхурӣ» аз 28.12.2023 сол бармеомада ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорон вохӯрӣ бо иштироки намояндагони васояти ахбори омма бо омӯзгорони муассисаи мазкур гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ судяҳои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сатторзода А.А., Қосимзода М. ва Неъматуллозода Г. баромад намуда, моҳияти паём ва санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонида доданд.

Инчунин аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ як қатор саволҳо дода шуд, ки ба саволҳои додашуда аз ҷониби судяҳо ҷавобҳои муфид гардонида шуд.