Санаи 28-уми марти соли 2024 дар МТМУ №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои супориш ва вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии љумњурї» аз 28.12.2023 сол бармеомада ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорон вохӯрӣ бо иштироки намояндагони васояти ахбори омма бо омӯзгорони муассисаи мазкур гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ судяҳои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сатторзода А.А., Шамсуллозода А.М. ва Сулаймонзода Ф.А. баромад намуда, моҳияти паём ва санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонида доданд.
Инчунин аз ҷониби иштирокчиён вохӯрӣ як қатор саволҳо дода шуд, ки ба саволҳои додашуда аз ҷониби судяҳо ҷавобҳои муфид гардонида шуд.