Вохӯрии судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои супориш ва вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соил 2023 бармеомада, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фаҳмондани қонунҳои нав қабулшуда

Рӯзи 25-уми июли соли 2024 дар маљлисгоҳи Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст баҳри иҷрои супориш ва вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023  бармеомада ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вохӯрӣ сокинони  маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сулаймонзода Ф.А., баромад намуда, моҳияти паём ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ аз ҷумла ду қонуни миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбият кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 20 июни соли 2024 дар таҳрири нав қабул карда шудаанд  ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонида доданд.

Инчунин аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ як қатор саволҳо дода шуд, ки ба саволҳои додашуда аз ҷониби судя ҷавобҳои муфид гардонида шуд.