Тавре ки қонунгузории кишвар мафҳуми асосии коррупсияро шаҳр додааст, коррупсия-кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ аст. Ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёз дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содирнамоии ин амал ҷиноят маҳсуб меёбад.
Коррупсия аз омилҳои хавфноки давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабул шуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.
Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии давлати мо-тоҷикон ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.
Ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия солҳои охир дар мамлакат заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шуд, вале ҷиҳати паст намудни шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Абдулвоҳид Сатторзода,
судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ