Имрӯз Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Сафарзода Дилшод Ғанӣ, бо ҳамроҳии Прокурори ноҳия Абдуқодирзода Фаррух Комил, Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ Шомадзода Фирдавс Маҳмад, Сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Назарзода Икромҷон Ҳурматулло ва Сардори Раёсати КДАМ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Айниддинзода Лоиқ Қиёмиддин ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади табрикоти кормандони суд бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ташриф оварданд.
Бо мақсади ташрифи меҳмонон дар маҷлигоҳи суд ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сараввал раиси суди ноҳия Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон меҳмононро хайрамақдам намуда, суханро ба Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Сафарзода Д.Ғ., дод.
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Д.Ғ., баромад намуда ҳама кормандони суди ноҳияро бахшида ба ҷашни Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрик намуда, дар корҳояшон бурдбориҳо таммано намуданд.
Пас аз ба охир расидани сухани тарбикотӣ аз ҷониби Раиси ноҳия ба унвонии Раиси суд табрикнома ва гулдастаи хотирмон супорида шуд.
Баъдан Прокурори ноҳия, Сардорони ШВКД-1, ШВКД-2 ва Сардори Шуъбаи Раёсати КДАМ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баромад карда, ҳама кормандони судро табрик намуданд.

Суди ноҳияи Фирдавсӣ 