Маҷлиси тантанавии кормандони суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд, муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва васоити ахбори омма маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис сараввал Раиси суд баромад карда, ҳамаро ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки миллати соҳибфарҳангу сарбаланди тоҷик 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар тамоми гӯшаю канори Ватанамон таҷлил менамоянд.

Тавре мусаллам аст 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расидан ба истиқлоли худ ба ҷаҳониён пайғом дод ва  ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи муносибатҳои байналмиллалӣ гардид. Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлатӣ воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа судяҳо Сатторзода А.А. ва Шарифзода О., корманди дастгоҳи суд Ҷаъмахон Ҷ. бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ маърӯза карда, оид ба дастовардњои он дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву мадании давлату миллатамон андешаронӣ намуда, ҳамаро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуданд.

Инчунин бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши раиси суд як қатор кормандони дастгоҳи суд бо рутбаҳои дараљавӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.