Дар асри XXI инсоният ба дастовардҳои азими илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Аммо ҳамзамон бо пешрафти тамаддун, як хатаре рӯ ба густариш ниҳод, ки оромии тамоми башариятро зери хатар гузоштааст.
Терроризм аз вожаи лотинии terror – тарс, ваҳшат ва даҳшат овардан гирифта шуда, ба маънои истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё мазҳабӣ мебошад. Террористон бо истифода аз усулҳои ваҳшиёна мехоҳанд тарсу ноамнӣ эҷод кунанд, ҷомеаро аз роҳи оромӣ ва субот берун намоянд ва ба сохтори давлатҳо зарба расонанд. Аммо дар асл, онҳо бештар аз ҳама ба мардумони осоишта ва кӯдакон зарар мерасонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва сулҳпарвар, аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ то имрӯз муборизаи ҷиддиро алайҳи терроризм ва экстремизм пеш мебарад. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки фиреби гуруҳҳои ифротӣ метавонад ба фоҷиаи миллӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки амнияти миллӣ болотар аз ҳама арзиш аст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.
Аммо мубориза бо терроризм танҳо кори давлат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин вазифаи тамоми ҷомеа мебошад. Ҳар падару модар бояд дар тарбияи фарзанд масъулият эҳсос кунад, омӯзгорон бояд дар дилҳои шогирдон муҳаббат ба Ватан ва нафрат аз зӯровариро бедор намоянд, расонаҳои хабарӣ бояд дар ин роҳ нақши маърифатӣ ва огоҳкунанда дошта бошанд.
Терроризм танҳо вақте решакан мешавад, ки ҷомеа якҷо, бо иттифоқ ва бо шинохти дуруст аз арзишҳои инсонӣ бар зидди он амал кунад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳофар ва ташаббускори мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст. Пешвои миллат бо ибтикори худ дар минбарҳои ҷаҳонӣ борҳо даъват карданд, ки мубориза бо терроризм бояд на танҳо низомӣ, ҳамчунин фарҳангӣ ва маънавӣ низ бошад.
Дар ниҳоят, мубориза бо терроризм мубориза барои ҳаёт, оромӣ ва ояндаи башарият аст. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки ҳифзи амният аз худи ӯ оғоз меёбад. Агар ҷомеа бо маърифат, ваҳдат ва эҳсоси масъулият зиндагӣ кунад, ҳеҷ як гурӯҳи ифротӣ наметавонад байни мардум тухми душманӣ ва ҷудоӣ бикорад.
Гулноз Неъматуллозода,
судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ
Суди ноҳияи Фирдавсӣ 