Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, санаи 19 декабри соли 2025 вохӯрии Раиси суд ва судяҳои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанебе бо омӯзгорон, донишҷуён ва сокинони ноҳия бо иштироки намояндаҳои васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сараввал Раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, баъдан судяҳои суди ноҳия ба ҳозирин моҳияти қонунҳои амалкунанда аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми энергетикӣ баромад карданд.
Қайд карда шуд, ки барқ яке аз бузургтарин неъматҳои тамаддуни муосир ба шумор меравад. Пешрафти илму техника, рушди иқтисод ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум бевосита ба мавҷудият ва истифодаи нерӯи барқ вобаста аст. Имрӯз ҳаёти инсонро бидуни барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рӯшноии хонаҳо, фаъолияти мактабҳо ва донишгоҳҳо, кори беморхонаҳо, корхонаҳои саноатӣ, шабакаҳои алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ ҳама бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.
Барқ неъмати бебаҳо, пояи пешрафти ҷомеа ва омили асосии зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад. Қадршиносӣ, ҳифз ва истифодаи сариштакоронаи он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Агар ҳар яки мо дар ин самт саҳми худро гузорем, метавонем иқтисоди мустаҳкам, муҳити тоза ва ояндаи дурахшонро таъмин намоем.
Ҳамзамон ба саҳми ҳозирин расонида шуд, ки санаи 15-уми апрели соли 2025 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав (моддаи 253 иловаи 1) илова гардид, ки тибқи он барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини карда шудааст.
Мувофиқи тағйиротҳо барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгари пешбинӣ карда шудааст.
Инчунин санаи 15-уми апрели соли 2025 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуда, моддаи 382 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки дар асоси он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷавобгарии маъмурӣ пешбини гардидааст.
Инчунин судяҳои суди ноҳия дар вохӯрӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баромад карда, муҳтавои қонунҳои мазкурро ба саҳми ҳозирин расониданд.

Суди ноҳияи Фирдавсӣ 
