БАРГУЗОР НАМУДАНИ ШАНБЕГӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Баргузории намудани шанбегӣ аз ҷониби Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд.

Имрӯз, 05 октябри соли 2019 рӯзи шанбе, дар асоси Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чун ҳар ҳафтаина дар рӯзи шанбе дар бинои Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони дастгоҳи суд ҳашар баргузор намуданд.

Дар шанбегии мазкур, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба корҳои ободонӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои суд ва шинонидани гулҳои ороишӣ машғул гардиданд.

КАРИМОВ РУСТАМ МУЗАФАРОВИЧ
Корманди дастгоҳи суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе