ҲУКМИ СУД БАРОИ ТАКРОРАН СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТӢ ДАР МОДДАИ 200 КҶ ҶТ ПЕШБИНИГАРДИДА

Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маҷлиси кушодаи судӣ парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Сафармади Мираҳмад, 25.08.1990 соли таваллуд, зодаи шаҳри Кулоби вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби як фарзанд, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 27.02.2012 сол бо моддаи 200 қисми 3 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷкистон гунаҳгор дониста шуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол  маҳкум гардида, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи авф» аз 24.08.2016 сол таҳти №1355 аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи  шаҳри Кулоб, кучаи Чармгарони поён хонаи №93, бо моддаи 200 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шударо баррасӣ намуда, муайян  кард:

Сафармади Мираҳмад қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 27.02.2012 сол бо моддаи 200 қисми 3, банди “в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида нисбаташ  ҷазо дар намуди маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо намудани  ҷазо дар калонияҳои  ислоҳи низомашон пурзур таъин карда шудааст ва таърихи 17.10.2016 сол дар асоси моддаи 1 банди 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 24.08.2016 сол таҳти рақами №1355 аз ҷазои боқимонада озод гардида дар ҳолати редсидиви ҷиноят қарор дошта такроран даст ба содир намудани ҷиноятӣ қасдона дар чунин ҳолат задааст;

Чунончӣ:  ў  такроран бо мақсади ғайриқонуни соҳиб шудан, интиқол додан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадори навъи «Афюн» ба миқдори кам ва маводи нашъадори навъи «ҳашиш» бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, аз шахси шахсияти пуррааш ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номи “Бахтиер” ба маблағи 200 (дусад) сомонӣ харидорӣ намуда, ҳангоми дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе ҳозир буданаш дар дохили  як селофани политении рагаш сурх маводи нашъадори навъи “Афюн” ва «ҳашиш» харидорӣ  намудаашро бо мақсади  ба соҳибияти каси дигар додан бо худ нигоҳ дошта ба кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол додааст.

Сипас, таърихи 12 декабри соли 2018 сол, тахминан соатҳои 23:00 ҳангоми гузаронидани корҳои оперативӣ ҷустуҷўӣ дар кўчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе, Сафармади Мираҳмад аз тарафи кормандони ШОҶ РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумонбарии бо худ доштани маводи нашъадор дасгир гардида ба бинои ШОҶ РКД ВКД Ҷумҳуриии Тоҷикистон дастрас карда шуд. Дар вақти кофтуков аз ҷайби Сафармади Мираҳмад як селофани бо ранги сурх, ки дар дохилаш ду бастаи селофани полиэтилении сиёҳ ва сафед, ки дар дохилашон маводи рангаш ҷигарии буи махсус дошта дарёфт ва мусодира карда  шуд.

Мувофиқи хулосаи РТК ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №27 аз 10-уми январи соли 2019 маводи аз Сафармади Мираҳмад ёфта гирифта шуда объекта №1 ба маводи нашъадори навьи “Афюн” мансуб буда, вазни умумии он 13,4 (сенздаҳ бутуну аз даҳ се) граммро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумотномаи РТК ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1817 аз 13-уми декабри соли 2018 маводи аз Сафармади Мираҳмад ёфта гирифта шуда объекта №2  ба маводи нашьадори навьи “ҳашиш” мансуб буда вазни умумии он 19,4 (нуздаҳ аз даҳ чор) грам-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумотномаи РТК ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1817 аз 13-уми декабри соли 2018 маводи аз Сафармади Мираҳмад ёфта гирифта шуда объекта №4, 90 (навад) адад капсулаҳои гирифташуда «Мопарол» (травмадол 50 мг) ва объекта №4 100 (сад) адад ҳабҳои «Баралвет» (партситамол 500 мг дитсикломин-20 мг) модаҳои сахтасири дорувориро ташкил медиҳад.

Бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафармади Мираҳмад, бо моддаи 200 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуд.

Ба Сафармади Мираҳмад бо моддаи 200 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати 9 (нуҳ) сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

КАРИМОВ РУСТАМ МУЗАФАРОВИЧ
Корманди дастгоҳи суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе