ҲУКМИ СУД БАРОИ СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТИ ҚАЛЛОБӢ

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суди ноҳияи  Фирдавсии шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноятиро нисбати Сафаров Хуршед Тиллоевич, 29.05.1979 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби чор фарзанд, қаблан суд нашудааст, шаҳрванди         Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор донисташударо баррасӣ  намуда, муайян кард —

Сафаров Х.Т., бо мақсади  ба даст овардани фоидаи муфт даст ба содир намудани ҷинояти қасдонаи қаллобӣ  дар чунин ҳолат задааст.

Чунончӣ: ў бо ҳамроҳии Ботур ном шахсияти пуррааш ба тафтишоти пешакӣ номаълум, дар таърихи 01.03.2018 сол ҳангоми дар кучаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе қарор доштанашон, бо мақсади содир кардани ҷинояти қаллобӣ ба боварии шаҳрванд Раҷабов Уткир Маташбоевич даромада аз охирин як адад автомашинаи тамғаи “Лексус РХ-330” ба маблағи 100000 (сад ҳазор) сомонӣ нархгузорӣ намуда гирифта ба Раҷабов У.М., ваъда додаанд, ки 100000 (сад ҳазор) сомониро дар давоми 10 шабонаруз оварда медиҳанд. Бо ин роҳ номбурдагон ба боварии Раҷабов У., даромада охиронро бовар мекунонанд, ки автомашинаашро аз қайд бароварда  ба онҳо диҳад.  Раҷабов У.М., ба гуфтаҳои номбурдагон бовар намуда автомашинаи шахсии худро аз қайди давлатӣ бароварда, рақамҳои транзити гирифта ба Сафаров Х., ва Ботур ном шахс додааст.

Сипас Сафаров Х., ва Ботур автомашинаи бо роҳи фиреб ба даст овардаашонро ба дигар шахс барзиёд фурухта, лекин пули Раҷабов У.М.,-ро то ҳол оварда надода ба манфиати шахсии худ сарф намуда гурехта гаштаанд, ки бо ин кирдорашон ба номбурда зарари махсусан калон расонидаанд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафаров Хуршед Тиллоевич, бо моддаи  247 қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 (як ҳазору чорсаду шаст) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 73000 (ҳафтоду се ҳазор) сомонӣ  бо маҳрум  сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ва молию пулӣ ба муҳлати 2 (ду) сол ҷазо дода шуд.

КАРИМОВ РУСТАМ МУЗАФАРОВИЧ
Корманди дастгоҳи суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе