5 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид.
Маросими истиқболи расмӣ дар Қасри федеролӣ баргузор гардида, парчамҳои давлатӣ афрохта шуд.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҳамин ҷо маросими аксгирии сарони давлатҳо ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир гардид.
Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария сурат гирифт.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер зимни мулоқот изҳор намуд, ки “Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои куҳистонӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеъанд. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ бо Шумо якҷоя анҷом диҳем”.
“Шуморо ҷаноби Президент барои сиёсати муваффақона ва татбиқ кардани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии кишваратон табрик менамоям” – изҳор дошт Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Швейтсария барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муколамаи пайвастаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд омили муҳими пешбурди самарабахши ҳамкории ҷонибҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад. Истифодаи фаъолонаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Шӯрои миллии Конфедератсияи Швейтсария ва таҳкиму такмили пояи шартномавию ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ аз тадбирҳои дигар ва муҳими рушду тавсеаи ҳамкории ҷонибҳо маҳсуб меёбад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки яке аз муҳимтарин соҳаҳои равобити Тоҷикистон ин ҳамкорӣ баҳри рушд мебошад. Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”-ро мавриди татбиқ қарор додааст. Дар ин санад ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат дарҷ гардидаанд.
Зимни мулоқот оид ба густариши ҳамкории беш аз пеш бо Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таъкид гардид.
Барои татбиқи ин ҳадафҳо рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистон, ба мисли гидроэнергетика, соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла металлургияи ранга, саноати маъданҳои кӯҳӣ , сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман дар бахши аграрӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин рушди зерсохтори сайёҳӣ, зарур шумурда шуд.
Тоҷикистону Швейтсария аллакай таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд. Ҳамин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи соли равон 132 миллион долларро ташкил дод, ки аз болоравии он нисбат ба солҳои пештара шаҳодат медиҳад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ширкатҳои тоҷикистонии “ТАЛКО” ва швейтсариягии “Гленкор” бошад, дар давоми 12 соли ҳамкорӣ маблағи 4,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ дар чаҳорчӯбаи ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахши истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) ва иштироки ҷониби Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоявии Тоҷикистон, омили муҳим номида шуд.
Самтҳои дигари ҷолиб барои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва инноватсионӣ, соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, илму маориф ва бахши гуманитариву фарҳангӣ мебошад.
Тавре маълум аст, байни кишварҳо ҳамкории сермаҳсул дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои он, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, мавҷуд аст.
Ҷонибҳо дар чаҳорчуби ин ташкилоту созмонҳо аз ташаббусҳо ва ҷонибдории мавқеи созандаи ҳамдигар, аз ҷумла дастгирии ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028”, оғози амалии ташаббуси Швейтсария зери унвони “Об барои сулҳ” барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории ду ҷониб дар доираи “Бунёди ҷаҳонии муҳитизистӣ”, ёдовар шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, табодули андеша карданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо дар ҳузури Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ули Маурер санадҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд:
— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъи хабар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корманди дастгоҳи суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе