НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 3 феврали соли 2020 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» вобаста ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди Олӣ иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 ба таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот пешниҳод карданд.
Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2019 ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 156470 парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба соли 2018 дар маҷмӯъ 5616 адад зиёд мебошанд.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 14105 ададро парвандаҳои гражданӣ, 42359 ададро парвандаҳои оилавӣ, 10719 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 50219 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 21773 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомотҳо ташкил медиҳанд.
Оид ба вайрон кардани талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳо 695 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба 686 нафар ба маблағи умумии 3.355.376 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудаст.
Шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад 15735 адад-ро ташкил медиҳад. Бо ин парвандаҳо дар маҷмӯъ нисбати 5669 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 8553 нафар ҷарима ба маблағи умумии 1.370.262 сомонӣ таъин гардидааст.
Дар ин давра 18754 парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1400 адад зиёд мебошад.
IMG_7405.JPGБо мақсади амалӣ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар байни аҳолӣ 2973 маротиба дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ баромад карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 1278 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 11249 вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 18956 таъинотҳои хусусӣ қабул кардаанд.
Ҳамзамон дар соли сипаригардида 739 ҷамъбастиҳои амалияи судиро гузаронида, бо мақсади аз байн бурдани камбудиҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдор 1064 адад пешниҳодҳо ирсол намуданд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, дар соли 2019 бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ 1954 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.
Дар соли 2019 ба Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе 5331 адад шикоятҳои шаҳрвандон ва эътирозҳои назоратии прокурорҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 109 адад ё худ 2% зиёд мебошанд. Аз миқдори умумии шикояту эътирозҳо 5044 адад ҳаллу фасл гардида, боқимонда 287 адади он мавриди баррасӣ қарор доранд.
Дар соли 2019 бо мақсади таъмини иҷрои моддаҳои 14 ва 109 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ 459 нафар кормандони соҳа ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Хабари Суди Олии ҶТ

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе