Санаи 19-уми феврали соли 2026 дар МТМУ №78-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои супориш ва вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16.12.2025 сол бармеомада ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорон вохӯрӣ бо иштироки намояндагони васояти ахбори омма бо омӯзгорони муассисаи мазкур гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ Муовини якуми раиси суд Шарофзода Б.Қ., судяҳои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сулаймонзода Ф.А., Холмуродзода Н.Г. баромад намуда, моҳияти паём ва санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонида доданд.
Инчунин аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ як қатор саволҳо дода шуд, ки ба саволҳои додашуда аз ҷониби судяҳо ҷавобҳои муфид гардонида шуд.

Суди ноҳияи Фирдавсӣ 
