Дар шароити ҷаҳони муосир масъалаи сарфакорӣ, бахусус сарфакории неруи барқ, ба як мавзӯи мубрами рӯз табдил ёфтааст. Бо зиёд шудани аҳолӣ, афзоиши ниёзҳои маишӣ ва рушди соҳаҳои саноатӣ, талабот ба неруи барқ рӯз аз рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаву самараноки он вазифаи ҳар як шахс аст.
Пешвои миллат низ борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла, неруи барқ яке аз роҳҳои муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст. Дар мавсими зимистон, ки талабот ба неруи барқ меафзояд, аҳолӣ бояд масъулиятшинос бошад ва барқро танҳо мувофиқи зарурат истифода барад.
Неруи барқ яке аз асосҳои ҳаёти муосир ба ҳисоб меравад. Ҳар рӯз миллионҳо одамон барои рушноӣ, гармӣ, истифодаи таҷҳизоти маишӣ ва пешбурди истеҳсолот аз он истифода мебаранд. Вале бисёр вақт барқ беҳуда масраф мегардад чароғҳои даркорнабуда фурӯзон, таҷҳизоти истифоданашаванда фаъол, дастгоҳҳои барқии камсамар дар хонаву корхонаҳо ҳамаи ин боиси талофоти азими неру мегардад.
Сарфакории барқ танҳо коҳиши истифода нест, балки як шеваи фикр кардан ва зиндагии оқилона мебошад. Барои мисол, агар ҳар як хонавода пас аз истифода чароғ ва телевизорро хомӯш кунад, ё таҷҳизоти каммасрафро интихоб намояд, ин дар миқёси кишвар ба ҳазорон киловатт-соат сарфа меорад. Ин маънои ҳифзи захираҳои табиӣ, коҳиши хароҷоти давлат ва паст шудани таъсири манфӣ ба муҳити зистро дорад.
Метавон гуфт, ки сарфакории неруи барқ вазифаи шахсӣ ва иҷтимоии ҳар як шахси бошуур ва ватандӯст мебошад. Агар мо имрӯз аз барқ сарфакорона истифода кунем, фардо метавонем муҳити солим, иқтисоди устувор ва зиндагии хубтарро барои худамон ва наслҳои оянда таъмин намоем.
Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон,
Раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Суди ноҳияи Фирдавсӣ 
